ФУТБОЛ. Дарвозабон Рустам Ятимов беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф шуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дарвозабони 25-солаи бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол Рустам Ятимов беҳтарин бозигар дар соли 2023 эътироф гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни маросими тантанавии ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон дар Душанбе ҷоизаи «Беҳтарин бозигари сол»-ро нахустин бор дар фаъолияти худ дарвозабони «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби миллии мамлакат Рустам Ятимов соҳиб шуд. Ӯ ҳамзамон беҳтарин дарвозабони мавсим эълон гардид.
Рӯйхати ҷоизадорони Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли 2023:
Беҳтарин бозигари Лигаи якум – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»).
Беҳтарин мураббии Лигаи якум – Боир Игамбердиев («Панҷшер»).
Беҳтарин нишонзани Лигаи якум – Шоҳин Боев (“Моҳир”), 33 гол.
Беҳтарин бозигари Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон – Муҳаммад Назриев («Истиқлол»).
Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон – Шамсиддин Қосимов (КМВА).
Беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон – Рустам Давлатов (КМВА), 25 гол.
Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Ҷоизаи махсус – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Ҷоизаи махсус – Тоҳирҷон Муъминов («Равшан»).
Беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»).
Беҳтарин ҳимоятгар – Холмурод Назаров («Равшан»).
Беҳтарин нимҳимоятгар – Амадонӣ Камолов («Истиқлол»).
Беҳтарин ҳамлагар – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Беҳтарин нишонзани Лигаи олӣ – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), 13 гол.
Беҳтарин бозигари хориҷӣ, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ менамояд – Евгений Гритсенко («Равшан»).
Беҳтарин мураббӣ – Игор Черевченко («Истиқлол»).
Беҳтарин бозигари сол – Рустам Ятимов («Истиқлол»).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон









Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






