ХУШҲОЛОНА ЗИНДАГӢ НАМО – АЗ ВАЗЪИ СОЛИМИИ ХУД ОГОҲ БОШ! Дар Академияи идоракунии давлатӣ вохӯрӣ баргузор гардид

Декабрь 1, 2023 15:52

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Хушҳолона зиндагӣ намо – аз вазъи солимии худ огоҳ бош!»-таҳти ин унвон 29 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО» ва сардори шуъбаи мониторинги ин марказ иштирок намуда, оид ба таърих, пайдоиш ва пешгирии ин бемории сироятёбанда ибрози назар намуданд.

Намояндагони марказ байни донишҷӯён викторина баргузор намуда, таъкид намуданд, ки бояд ҳар шахс дар 6 моҳ як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарад, то аз вазъи саломатии худ огаҳ бошад.

Дар охир байни донишҷӯён суолу ҷавоб доир шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин имрӯз таҳти унвони «Саломатии шумо дар дасти шумост!» волонтёрони Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аксияи тарғиботӣ баргузор намуданд.

Ҳамоиш ва аксия дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявии Академия доир шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 1, 2023 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд