Ҳилолбӣ Қурбонзода дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба анҷоми раёсати Қазоқистон дар Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба анҷоми раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Натиҷаҳои роҳбарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар соли 2023», ки аз 3 то 4 декабри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки соли 2022 роҳбарони ниҳодҳои вобаста ба ҳалли масоили марбут ба занон ва оилаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия эъломияеро имзо намуданд, ки дар он уҳдадории занон барои иштироки бештар дар ҳалли масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ эълом шудааст.
Имзои санад 13 май дар Ашқобод зимни нишасти нахустин Муколамаи занон дар Осиёи Марказӣ ва Русия доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Курбонзода иштирок дошт.
Дар ин ҳуҷҷат 11 банд мавҷуд аст ва 3-тои аввал ба омодагии занони хизматчии давлатӣ барои иштироки фаъолона дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030, саҳм гузоштан дар суботи ҷаҳонӣ ва ҳифзи муҳити зист бахшида шудаанд.
Қисме аз ин санад ба фаъолияти роҳбарони Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Русия дар заминаи ҳимоят аз заноне, ки тиҷорати шахсии худро доранд, баҳои баланд медиҳад.
Дар доираи эъломия ба аҳамияти заҳматҳои занон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии халқҳои давлатҳои дахлдор, рушди илму маориф, соҳаи тандурустӣ, санъат ва соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.
Санад ҳамчунин фаъолсозии ҳамкориро дар мубориза бо оқибатҳои пандемия пешниҳод менамояд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






