Имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бештари ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ ва ағбаҳо туман фаромада, дар вилояти Суғд дар баъзе ҳолатҳо шиддати вазиши шамол бо суръати то 18-23 метр дар як сония боқӣ мемонад. Дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ борон ва барф ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 11-16 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо шабона ва саҳаргоҳон борону барф ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6, рӯзона 6+11, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо шабона ва саҳаргоҳон борон ва барф ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона борону барфи тар ба амал меояд. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






