Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, вазиши сахти шамол ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бештари ноҳияҳои водию доманакӯҳ ва ағбаҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Дар вилояти Суғд дар баъзе ҳолатҳо шиддати вазиши шамол бо суръати то 20-25 метр дар як сония ва дар ағбаҳо пайдоиши қабати барфии бодовард ва яхбандӣ боқӣ мемонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борону барф ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 16-21 ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 10-15, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 11+16, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






