Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҷойҳо 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 14-19 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҷойҳо 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 16+21, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






