Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона ба 14+16 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6, рӯзона 11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа, рӯзона 10+15 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона -2+3 дараҷа ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе шабона бебориш дар назар буда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






