Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад

Декабрь 22, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 22 декабр зимистони астрономӣ фаро мерасад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби илмии  Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷонмуҳаммад Исмоилзода хабар дод, инқилоби зимистонаи  Офтоб 22 декабри соли 2023, соати 08:27 бо вақти Душанбе ба амал меояд. Ин нуқтае мебошад, ки Офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷадӣ таҳвил меёбад. Аз сабаби он ки ин нуқта ба уфуқ наздик аст, шаби дарозтарини сол дида мешавад. Ин ҳодисаи астрономӣ дар байни мардуми сарзамини мо ва мардуми ориёинажод бо номи «Шаби Ялдо» маъруф аст.

Ҷонмуҳаммад Исмоилзода иброз дошт, ки «аз сабаби дароз будани шаб мардум машваратҳо ташкил менамуданд ва бо ин роҳ дар урфият ҳамчун ҷашнвора дохил шуд. Бо гузаштани вақт Шаби Ялдо анъанавӣ шуда, бо фарҳанг ва маданияти маҳаллӣ омехта шуд. Ин маросим дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешавад. Дар Аврупо ин ҷашн эътиқод ба пирӯзии нек ва афзалияти он аз бадиро ифода месозад. Сокинони маҳаллаҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар атрофи ҳавлиҳо сайру гашт намуда, таронаҳо месароянд ва дар атрофи гулхан рақс менамоянд. Новобаста аз маданияти халқҳо Шаби Ялдо ҳамчун маросими фарҳангӣ шинохта шудааст.

Ба ин васила Шаби Ялдо чун ҷашни милливу фарҳангӣ бо пешниҳоди Эрон ва Афғонистон ба рӯйхати эътиборноки ЮНЕСКО дар ҷамъомади ҳабдаҳуми он, ки охири соли 2022 дар Марокаш баргузор шуд, дохил шуд.

«Ҳодисаи табиии Шаби Ялдо бо чунин омилҳо вобаста аст. Сайёраи Замин доимо дар ҳаракат аст, ӯ дар атрофи Офтоб ва меҳвари худ давр мезанад. Меҳвари Замин хати хаёлие мебошад, ки аз қутби шимол ба қутби ҷануб тӯл кашидааст ва ба ҳамвории чархиши Замин дар атрофи Офтоб моил аст. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб, масалан, ивазшавии фаслҳои сол, инқилоби зимистона ва дигар ҳодисаҳои астрономӣ рӯй медиҳанд. Замин ҳангоми ҳаракати солонааш дар осмони ситоразор чор мавқеъгирии хосса дорад, ки ду ҳолати он нуқтаҳои эъдидоли баҳорӣ (20-22 март) ва тирамоҳӣ (22-23 сентябр) буда, ду ҳолати дигари он нуқтаҳои инқилоби тобистона (20-21 июн) ва зимистона (21-22 декабр) мебошанд»,-афзуд Ҷонмуҳаммад Исмоилзода.

Инқилоби зимистона гуфта, лаҳзаи гузариши Офтобро аз нуқтаи ҷанубтарин ҳамвории ҳаракати Замин меноманд. Ин ҳодиса оғози зимистонро дар нимкураи шимолӣ нишон медиҳад ва бо кӯтоҳтарин давомнокии рӯз ва пасттарин мавқеи Офтоб нисбат ба  уфуқ аён мегардад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 22, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид