IRS: Ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ таъмин аст
ДУШАНБЕ, 26.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати мошинҳои боркаш ва воситаҳои нақлиёти боркаши ядакдор дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки муваққатан маҳдуд шуда буд, дубора шуруъ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳоло дар ин масир бориши пуршиддати барф идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки кормандони IRS ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағзишу сӯзишворӣ дар ҳолати хуб аст. Барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали ширкат сӯзишвори дизелӣ ва маводи зиддилағзиш захира шудааст.
Илова бар ин, чархҳои резинии зимистонаи мошин ва механизмҳои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфҳои захираи сӯзишворӣ барқарор шудаанд. Муҳимтар аз ҳама, техникаву механизмҳои филиали ширкат ба мавсими сармо пурра омода мебошанд.
АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






