Иштирокдорони Форуми молиявӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамкории минтақавӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармояро муҳокима намуданд

Декабрь 9, 2023 11:42

ДУШАНБЕ, 09.12.2023/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе давоми ду рӯз таҳти унвони «Ҳамкории минтақавӣ-ҳамчун омили таҳкими инфросохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя» форуми молиявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, иштирокдорони Форуми молиявӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ, тақвияти инфрасохторӣ молиявӣ, инчунин дастарсӣ ба бозорҳои сармояро баррасӣ намуданд.

Дар Форуми молиявӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, мудирони GIZ- Агентии ҳамкории байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон, Дафтари Швейтсария, Консули консулгарии Швейтсария дар Тоҷикистон, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон, намояндаи доимии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд иштирок ва ибрози андеша намуданд.

Дар доираи Форуми молиявӣ аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ нишони Аълочии маблағгузории хурд ва Дипломи фахрӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон, байни IPC GmbH (Олмон) ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон созишномаи ҳамкории васеъ оид ба дастгирии рушди бахши молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Форуми молиявии «Ҳамкории минтақавӣ-ҳамчун омили таҳкими инфросохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя» бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, GIZ (Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TREGGER) гузаронида шуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад