ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини шаҳри Кӯлоб аз замини наздиҳавлигиаш 3 маротиба ҳосил мегирад
ДУШАНБЕ, 21.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳоти Корезии поёни Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Рузигул Одилова 10 сотих замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, дар он то се маротиба маҳсулоти кишоварзӣ кишт менамояд. Ӯ як қисми ҳосили бадастовардаашро барои зимистонгузаронии оила захира намуда, қисми дигарро ба бозор барои фурўш мебарорад.
Тавре ин зани кишоварз зимни суҳбат бо мухбири рӯзномаи «Хатлон» баён доштааст, дар аввали баҳор помидор, пиёз, булғорӣ, бодиринг, картошка ва чандин намуди дигари сабзавот кишт намуда, ҳосили хуб ба даст меорад.
«Дар аввали баҳор маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус картошкаю помидор дар бозорҳо нархи гарон доранд. Аксарияти сокинони деҳотҷойҳо онҳоро харида наметавонанд. Аммо, мо дар оила аз замини наздиҳавлигӣ маҳсулоти тару тозаи онҳоро беминнат истифода мебарем. Ҳатто миқдоре аз онҳоро ба бозор бурда, мефурӯшем ва бар ивази маблағи бадастоварда рӯзгорамонро пеш мебарем», — гуфтааст Рузигул Одилова.
Имрӯзҳо холаи Рузигул ҳосили картошкаи тирамоҳии худро, ки моҳи август кишт намуда буд, ҷамъ меорад. Як қисми онро барои зимистонгузаронии оила монда, қисми дигарро ба бозор бурда, ба фурӯш мегузорад.
Ӯ ҳар як чизи дар замини наздиҳавлигӣ бударо хуб истифода мебарад. Аз меваи чанд тан дарахтони ҳавлияш мураббо омода намуда, барои зимистони дарпешистода омодагӣ мебинад.
Ба иттилои нашрия, дар деҳоти Корезии поёни Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аксари сокинон ба чунин кор машғул буда, хони худро тамоми сол пурнозу неъмат нигоҳ медоранд.
Заҳмати шабонарӯзӣ, истифодаи мақсадноки замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷи сокинон қонеъ шуда, аз ҳисоби фоида сатҳи зиндагиашон беҳтар гардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






