Китобҳои дипломати тоҷик дар Тошканд муаррифӣ шуданд

Декабрь 27, 2023 15:58

ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Китобҳои нави Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода  «Пайғоми дӯстӣ» ва  «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» дар ҳамоише, ки  бо иштироки адибон, рӯзноманигорон ва зиёиёни тоҷики муқими Узбекистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Тошканд баргузор гардид, муаррифӣ шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки  китобҳои дипломати  тоҷик «Пайғоми дӯстӣ» ва  «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» ба масъалаҳои равобити адабии халқҳои тоҷик ва узбек ва мавқеи дипломатияи фарҳангӣ дар шароити кунунӣ бахшида шудаанд.

Сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оид ба муҳтавои китобҳояш маълумот дода, нақши Сарварони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёвро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бародар муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, адиби шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Узбекистон ва Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Ҷаъфар Холмуъминов, доктори илми таърих Комилҷон Раҳимов, адиби шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Узбекистон Абдулло Субҳон ва дигарон  андешаҳояшонро оид ба китобҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода  баён доштанд.

Дар  ҳамоиш ба омӯзгорону рӯзноманигорон ва санъаткорони тоҷики муқими Узбекистон, аз ҷумла Узбакбой Раҳмонов, Холбика Нурназарова, Дилмурод Қузиев, Фармон Азимов, Ҳомид Ҳомидӣ, Комилҷон Раҳимов унвонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон тақдим  гардиданд.

Ин шахсон солҳои зиёд дар соҳаи илм, маориф ва санъат хизмат намуда, подоши заҳматҳои онҳо аз ҷониби роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ қадрдонӣ   гардид.

Дар анҷоми ҳамоиш санъакорони тоҷики вилоятҳои Қашқадарё ва Навоӣ хотири ҳозиринро бо сурудҳои ватандӯстона ва тараннумгари дӯстиву бародарӣ шод намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии  Узбекистон

Декабрь 27, 2023 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид