КИТОБИ «ТОҶИКОН». Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон оид ба нақши ин асар дар таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа зери унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ҳувияти миллӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки омӯзиши асрҳои гузашта аз нуқтаи назари таърих, аз ҷумла шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» ба мо имкон медиҳад, ки тамоми падида ва воқеияти гузаштаро баррасӣ ва таҳлил намоем, сабабҳои бурду бохти халқи тоҷикро муайян созем ва аз он сабақ бардорем.
Дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллӣ китоби «Тоҷикон» нақши муҳим дорад, чунки таърих яке аз унсурҳои муҳими худшиносии миллӣ мебошад.
Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ гардид. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ ниҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини халқи тоҷик шинос намуд.
АКС: Донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






