Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти танзими муносибатҳо вобаста ба замин дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 тасдиқ гардидааст, вазифадор шудааст, ки Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои қабул ба мақоми қонунгузори ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.
Бо ин мақсад аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо ҷалби кормандони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, инчунин олимону собиқадорони соҳа низ ҷалб шуданд.
Тавре сармутахассиси бахши барасмиятдарорӣ ва бақайдгирии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Тоҷиддин Боймуродов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, «лоиҳаи Кодекси замин дар таҳрири нав дар се марҳила ба нақша гирифта шуда, марҳилаи аввали он дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) таҳия шуда, дар он тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба замин аз тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ шуд.
Дар марҳилаи дуюм аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо ҷалби кормандон ва собиқадорони соҳа дар ду давра лоиҳаи таҳиягардида мавриди коркард ва такмил қарор дода шуда, ду марҳила пурра иҷро гардид».
Тоҷиддин Боймуродов тазаккур дод, ки «дар марҳилаи сеюм корбарӣ ба таври мунтазам идома дорад. Ва бо дастгирии шарикони соҳа мо кӯшиш менамоем, ки лоиҳа ба тамоми қишрҳои ҷомеа, аз деҳқони одӣ то мақомоти назоратии қонунгузории соҳа дастрас гардида, таклифу пешниҳодҳои онҳо муҳокима шаванд, зеро ин имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷойдошта муайян ва бартараф шавад. Инчунин дар ин марҳила дар назар аст, ки лоиҳа аз ҷониби татбиқкунандагони он- сохторҳои маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои тобеи он мавриди омӯзиш, таҳқиқ ва татбиқ қарор дода шавад, зеро аз мушкилоти соҳа аз ҳама бештар онҳо огоҳ мебошанд ва ба инобат гирифтани мақеи онҳо низ дар такмили лоиҳа нақши муҳимро иҷро менамояд. Баъд аз иҷро гардидани марҳилаи сеюм тибқи тартиби муқарраргардида, лоиҳаи кодекс бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва барои қабул ба мақоми қонунгузори мамлакат пешниҳод мегардад».
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла муносибатҳо вобаста ба замин муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки бо рушду инкишофи ҷомеа тараққӣ менамоянд ва дигар мешаванд, муносибатҳои нав пайдо мешаванд, муносибатҳои пештар ҷойдошта бо мурури вақт тағйир меёбанд ва ё аз байн мераванд.
«Кодекси амалкунандаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 қабул гардида, муддати 27 сол мавриди амал қарор дорад ва борҳо ба он тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои соҳаи истифодаи замин ин кодекс коста гардида, дар меъёрҳои он душворфаҳмӣ ва духӯрагӣ пайдо гардидааст, ки ин зарурати қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири навро ба миён овардааст.
Бо қабул гардидани Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, мо кормандони соҳа умед дорем, ки ба марҳилаи сифатан нави танзими муносибатҳо вобаста ба замин ворид гардида, идоракунии босамар ва оқилонаи захираҳои замин, инчунин назорати истифодаи самараноки замин ва ҳифзи онро таъмин менамоем», — афзуд Тоҷиддин Боймуродов.
Дар фарҷоми суҳбат номбурда иброз дошт, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ вобаста ба Кодекси замин дар таҳрири нав агар таклиф, пешниҳод ва ё дархосте дошта бошанд, метавонанд тариқи хаттӣ ба унвони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон (734002, шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ, 50) ва ё ба почтаи электронии Кумита — sh.umumi@zamin.tj ирсол намоянд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш диҳад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ иқтидори обию энергетикӣ ва шаҳсозии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе таҳти унвони «Об — манбаи ҳаёти инсоният» Фестивали об ва барномаи фарҳангӣ доир шуд
Имконоти иқтисодии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони ширкатҳои байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва моделсозии пешгӯии пиряхҳо ва криосфера баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Устувории низомҳои озуқаворӣ дар давраи камбуди ҷаҳонии об дар Душанбе баррасӣ гардид
Форуми байналмилалии «Об ва зеҳни сунъӣ – робитаи дуҷониба» баргузор гардид
Равиши ҳамгироёнаи идоракунии захираҳои об дар меҳвари Форуми 7-уми байналмилалӣ дар Душанбе қарор гирифт
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Машварати минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон имконияти бузурги таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Осиёи Ҷанубиро бо барқи «сабз» дорад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми «Об ва хатарҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» баргузор шуд






