«MARCATO». Дар ин озмуни байналмилалӣ донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойҳои намоён шуданд

Декабрь 25, 2023 17:17

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия озмуни байналмилалии иҷрокунандагони созҳои нафасӣ ва зарбӣ «MARCATO» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни шуъбаи созҳои оркестрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо роҳбарии омӯзгори кафедра  Далер Раҷабов иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар номинатсияи созҳои нафасӣ  аз синни 16 то 19 намояндаи Тоҷикистон Савсан Сафдаршоева бо дипломи лаурети дараҷаи I сарфароз гардид.

Инчунин дар номинатсияи ансамблҳои донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ квинтети кларнетнавозон бо роҳбарии Далер Раҷабов иштирок намуд, ки онҳо низ сазовори дипломи дараҷаи I гардиданд.

Барои касбияти баланд, хизматҳои шоён ва саҳми беандоза дар рушди фарҳанг ва санъат омӯзгор Далер Раҷабов ва консертмейстер Фируза Комил аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун бо сипосномаҳо қадрдонӣ  шуданд.

Бояд гуфт, ки дар муваффақияти донишҷӯён саҳми устодони онҳо назаррас аст, чунки маҳз ба туфайли заҳмати чунин устодони асил ҷавонони соҳибистеъдод ба муваффақиятҳои калон ноил мегарданд.

 АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Декабрь 25, 2023 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд