МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мунтазами чормағз масуниятро баланд намуда, таъсири афсурдаҳолӣ ва фишори асабу бехобиро коҳиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агар инсон хоҳад, ки масунияташ баланд бошад, таъсири афсурдаҳолӣ ва фишори асабро коҳиш диҳад, раванди пиршавиро дар организм суст намояд, бехобиро бартараф кунад, хотира ва ҳушёрии равониро беҳтар намояд, бояд то андозаи муайян чормағз истеъмол намояд. Чунин тавсия медиҳад доктори илмҳои тиб, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷаҳон Азонов.
Ба гуфтаи ӯ, истеъмоли мунтазами чормағз метавонад, масуниятро баланд намояд, инчунин таъсири афсурдаҳолӣ ва фишори асабу бехобиро коҳиш диҳад. Илова бар ин чормағз дорои витаминҳои C ва E ва писта аз витаминҳои В, махсусан В6 бой аст. Пистаҳо каротиноидҳо (лютеин ва зеаксантин) доранд, ки биниши хубро нигоҳ медоранд. Каротиноидҳо инчунин барои тақвияти бофтаи устухон дар бадан ва устухони дандон кумак мерасонанд.
Бояд гуфт, ки чормағз аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштамъ ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад. Дар замонҳои қадим ин меваро ҷавонкунандаи организм меномиданд.
Чормағз дарахти мевадор, дарозумр, серҳосил ва калонҷусса буда, дар водиҳо ва баландкӯҳҳои Тоҷикистон хуб нашъунамо меёбад. Дарахти чормағз бисёрсола буда, баландиаш ба 35 метр мерасад. Мағзи чормағз хеле серғизо ва бомаза аст. Дар он 52-78 фоиз равған, 12-20 фоиз сафеда ва то 20 фоиз карбогидратҳо ва витаминҳо мавҷуд мебошанд. Равғани чормағз дар саноат арзиши калон дорад. Дар баргу пӯстлох ва меваи кабуди он витамини С ва моддаҳои обдиҳандаи пӯст мавҷуд аст.
Абӯалӣ ибни Сино дар китобҳояш навиштааст, ки «шираи чормағзро ба гӯш чаконанд, пеши варамкуниро мегирад».
Инчунин дар китоби «Канзи шифо» чунин омадааст: «Пӯсти сабзи самари чормағзро ба шукуфаҳои пӯст ва сабӯсаки сар бимоланд, фоида менамояд. Агар онро ба дандон бимоланд, милки дандонро сахт ва худи дандонро мустаҳкам мегардонад. Пӯсти тари решаи чормағзро ҳар панҷ рӯз як маротиба ба дандон бимоланд, мағзи сарро аз моддаҳои бегона пок месозад. Оби баргашро нимгарм дар гӯш чаконанд, онро аз чирк пок месозад».
Ба гуфти Ҷаҳон Азонов, дар таркиби мағзи чормағз оҳан, фосфор, мис, равған ва сафеда мавҷуд буда, дар ҳазми таом ёрӣ мерасонад, қувваи инсонро зиёд менамояд ва сохтори асабро дар як маром нигоҳ медорад.
Абӯалӣ ибни Сино меваи чормағзро барои табобати касалиҳои узвҳои ҳозима, роҳи нафас ва бар зидди заҳри ҳашарот истифода мебурд.
Занони тоҷик аз чормағз барои тайёр намудани ҳалво (таркиби он: кунҷит, офтобпараст, шакар, чормағзи заминӣ) ва ҳар гуна шириниҳо васеъ истифода мебаранд. «Чормағз ба ҳазми ғизо кумак мерасонад ва меъдаро пурқувват менамояд. Хӯрдани он бо мавиз барои касалиҳои дил фоиданок аст. Барои ғадуди сипаршакл (зоб) доруи беҳтарин аст. Барги онро барои муолиҷаи бемориҳои чашм, ширинча, варами ғадудҳо, варами милки дандон, пӯсти бадан, зидди киҷа, рахит ва сил истифода мебаранд»,-изҳор дошт Ҷаҳон Азонов.
Чормағз инчунин ба системаи хунгарди дил таъсири мусбат мерасонад, ба камхунӣ, бемории баландшавии фишори хун фоиданок аст. Ба гуфтаи табибони халқӣ, пӯсти сабзи чормағзро дар об ҷӯшонида, бо он об даҳонро чайқонанд, варамҳои милки дандонро рафъ месозад ва дандонро мустаҳкам мегардонад. Пӯчоқи хушки чормағзро маҳин кӯфта, ба ҷароҳатҳо бипошанд, онҳоро хушк намуда, хунравиро манъ месозад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»






