Мизоҷони корхонаи «Суман»-и шаҳри Хоруғ рӯ ба афзоиш мениҳанд

Декабрь 10, 2023 14:00

ХОРУҒ, 10.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тавсеи татбиқи соҳаи саноат ва таъмини ширкатҳои сохтмонӣ бо маҳсулоти хоми маҳаллӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  барои бунёди корхонаву коргоҳҳои хурду миёна  ба соҳибкороне бартарӣ медиҳад, ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ маҳсулоти тайёрро омода ва ба фурӯш мегузоранд. Аз бунёди корхонаи «Суман», ки ба истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ машғул аст, ҳамагӣ се моҳ мегузарад, аммо дар ин муддат дар байни ширкатҳои сохтмонӣ  алоқамандони зиёде пайдо намудааст.

Сардори корхона Идӣ Фароғатов зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан бо изҳори сипос аз Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва мақомоти давлатии маҳаллӣ гуфт, ки «дар таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди корхона ҳеҷ мушкилӣ пеш наомад ва баръакс, намоянагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру вилоят дар оғози кор ҳар бор аз мо хабар мегирифтанд ва  маслиҳатҳои муфид медоданд. Воқеан чор тарафи моро кӯҳҳои осмонбӯс иҳота намудаанд ва баҳра набурдан аз чунин сарвати бебаҳои табиат кори хуб нест. Мунтазир набояд нишаст, ки касе омада, барои мо корхона месозад».

Масоҳати корхона калон нест, дарозии он 40 метр ва бараш 22 метр аст, аммо ин аввали кор аст.

Бо зиёд шудани мизоҷон иқтидори истеҳсолии корхона ҳам баланд мешавад ва дар нақша аст, ки дар оянда бахшҳои ин корхона дар ноҳияҳои дигари вилоят сохта шаванд. Чунин тарзу усули корбарӣ соҳибкоронро дилгарм месозад ва ба онҳо барои рушди минбаъдаи ин ё он фаъолият ангезаи хуб мебахшад.

Имрӯз ин корхона дар баробари истеҳсоли масолеҳ барои сангфарш намудани кӯчаҳои шаҳр, ҳамчунин барои мавзеъҳои хатарзо деворҳои ороишӣ аз оҳану бетон омода менамояд. Ин деворҳои хуштарҳу зебо на танҳо роҳҳову кӯчаҳои пиёдагарду мошингузарро аз ҳар гуна офатҳои табиӣ эмин нигоҳ медоранд, балки симои шаҳро боз ҳам зеботар месозанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд