Муҳлати қабули асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 ба охир мерасад

Декабрь 24, 2023 16:29

ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ озмуни асарҳои адабиву ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 эълон намуд, ки пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25 декабри соли 2023 муқаррар гардидааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба озмун асарҳое, ки дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун дастоварди баландпояву гаронмояи эҷодӣ сазовори эътирофи ҳамагон шудаанд, пешниҳод мегарданд.

Ба дарёфти ҷоиза бояд асарҳои адабӣ, мусиқӣ, меъморӣ ва пажуҳишҳои хоссаи адабиёту санъат, ки давоми панҷ соли охир то санаи соли мукофотдиҳӣ эҷод ва бунёд гардидаанд, инчунин филмҳои синамоиву телевизионӣ, намоишҳои театриву телевизионӣ, барномаҳои консертии сарояндагӣ, навозандагиву рақсӣ ва асарҳои публитсистӣ, ки давоми се соли охир то санаи соли мукофотдиҳӣ манзури умум гардидаанд, пешниҳод мешаванд. Асарҳои пешбаришаванда бояд як сол пештар аз санаи соли мукофотдиҳӣ ба табъ расида, иҷро гардида, намоиш ёфта ва ё бунёд шуда бошанд.

Дар бахшҳои адабиёт — 1 ҷоиза, театр ва синамо — 1 ҷоиза, мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ — 1 ҷоиза, санъати тасвирӣ ва меъморӣ — 1 ҷоиза, эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон (адабиёт, театр, синамо, мусиқӣ, санъати тасвирӣ…) — 1 ҷоиза, журналистика — 1 ҷоиза ва 1 ҷоизаи махсуси байналмилалӣ барои тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ (барои муаллифони хориҷӣ) муқаррар шудааст.

Як номзад наметавонад дар як вақт бо ду ё зиёда асари худ барои ҷоиза довталабӣ намояд.

Пешниҳоди такрории асарҳои тақдиршуда ё пештар ба ин ҷоиза пешбаригардидаву баррасишуда манъ аст.

Асари нави барҷастаи шахси барандаи собиқи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, агар падидаи фавқулодаи адабиву ҳунарӣ бошад, танҳо баъди 5 сол аз санаи мукофотгирии аввала ба озмун роҳ дода мешавад.

Барои гирифтани маълумот ва супоридани ҳуҷҷату маводи пешниҳодӣ ба нишонии зерин муроҷиат шавад: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 8, қабулгоҳи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи 2), телефон: 224-57-49.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд