Муассисаҳои тандурустии шаҳри Исфара бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Исфара ду нақлиёти ёрии таъҷилии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ супорида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо маблағи 70 ҳазор доллари ИМА харида шуда, ба сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух ва Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара хизмат мерасонад.
Зимни тақдими мошинҳо иттилоъ дода шуд, ки дар ин ду ҷамоат қариб 80 ҳазор нафар зиндагӣ менамоянд ва ин нақлиёт барои сари вақт расонидани кумаки аввалини тиббӣ истифода мешавад. Бо дастрас шудани нақлиёти ёрии таъҷилӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар минтақа боз ҳам беҳтар мегардад.
Бояд гуфт, ки бо дастгириҳои давлатӣ ва саҳми соҳибкорон соли равон дар шаҳри Исфара рушди соҳаи тандурустӣ таъмин гардида, якчанд иншоот аз таъмир бароварда шуданд. Аз ҷумла, шуъбаи қабули беморхонаи марказӣ, шуъбаи амрози дарунӣ, шуъбаи урологӣ, шуъбаи бачагона ва таваллудхона таъмиру таҷдид гардида, якчанд таҷҳизот, аз ҷумла таҷҳизоти ФГС ва гемодиализ харида шуданд.
Ҳамзамон дар Беморхонаи минтақавии рақами 2, воқеъ дар Ҷамоати Чоркуҳ шуъбаҳои эҳё, осебшиносӣ, ҷарроҳӣ ташкил шуда, таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардид. Бинои беморхонаи ҷамоат бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст таъмир гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид






