Мусиқӣ ба унвони манбаи бепоёни илҳом: Яндекс Мусиқӣ (Яндекс Музыка) дар мавриди сатҳи нави фардисозии сервис суҳбат намуд

Декабрь 1, 2023 12:26

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Сервис тавсияҳое эҷод менамояд ва маҳсулоти пешниҳодии тозаеро перомуни кашфи мусиқии нав эҷод месозад, ки ба корбарон эҳсосоти возеҳтару ба ҳунармандон шунавандагони вафодори бештар медиҳад.

Марҳалаи аввали тағйиротӣ, ки дар ин сервис рух додааст, ин гузариш ба модели тавсияи нав бо истифода аз шабакаҳои амиқи нейронӣ дар «Моей волне» («Мавҷи ман») ва модернсозии бахшҳои аслии барномаҳои телефони ҳамроҳ аст. Илова бар ин, сервис платформаи бренд, рамз ва ҳувияти визуалии худро нав намудааст. Акнун, дар лаҳзаҳое, ки сервис ба кадом мусиқӣ тарҷеҳ додани шунавандаро ҳадс мезанаду дақиқан мусиқии мавриди ниёзро пахш месозад, онҳо эҳсосоти шунавандаро беҳтар инъикос менамоянд.

«Яндекс Мусиқӣ муддати тӯлонӣ чизе бештар аз як каталоги азими оҳангҳо буд. Бо ифтитоҳи «Мавҷи ман» дар соли 2021 мо мехостем, ки чӣ гуна ба шунавандагон тавсия додани чизеро, ки барои онҳо мувофиқ аст, омӯзем ва зарурати мустақилона ҷустуҷӯ намудани мусиқии ба онҳо маъқулро аз байн бибарем. Ва мо муваффақ шудем — ба гуфтаи нисфи зиёде аз корбарони интернети Русия, мо нисбат ба дигарон дар афзалияти мусиқии онҳо дақиқтар ҳастем*. Акнун мо мехоҳем боз ҳам пештар равем: мехоҳем бо тавсияҳое, ки мегирем, мусиқиро ба манбаи бепоёни руҳбаландӣ ва илҳом табдил диҳем, то ба шунавандагон неруи ҳаракат ба сӯи он чизе, ки дар ҳақиқат мехоҳанд, дода бошем ва ба ҳунармандон ҳамон роҳеро боз кунем, ки дар он шунавандагони аслии онҳо ҳастанд. Бренд ва намуди визуалии нав моҳияти Яндекс Мусиқии муосирро инъикос менамояд — сервисе, ки ҷаҳони мусиқии шахсии илҳомбахшанда эҷод менамояд», — мегӯяд роҳбари Яндекс Мусиқӣ Александра Сагалович.

Системаи ҳушманди тавсиявии «Мавҷи ман» ҳоло шабакаҳои амиқи нейронро истифода менамояд, то бифаҳмад, чӣ гуна завқи мусиқии корбарон рушд менамояд ва имконоти эҳтимолии рушди онҳоро пешгӯӣ месозад. Ин ба «Мавҷи ман» имкон медиҳад, ки нисбат ба худашон се маротиба бештар ҳунармандони дӯстдоштаи навро барои шунавандагон кашф намоянд.

«Талаботи одамон дар мусиқӣ собит нест. Бо мурури замон онҳо метавонанд бо пӯёҳои гуногун тағйир намоянд. Масалан, баъзан одамон ба як ҳунарманд ё жанри муайян «ошиқ» мешаванд, вале ин дилбастагӣ зуд мегузарад. Ва намунаҳои дигар вуҷуд доранд — вақте шахс мусиқии дӯстдоштаи худро пайдо менамояд, муддати тӯлонӣ онро мешунавад. Афзалияти ӯ бо маром тағйир меёбад, ӯ тадриҷан аз як жанр ба жанри дигар мегузарад, аксар вақт ҳатто онро пайхас намесозад. Ҳамин тавр, бо таҳлили таърихи гӯш намудан, пайдарпайии оҳангҳо ва дигар омилҳо «Мавҷи ман» акнун қодир аст, ки самти рушди завқи мусиқии шахсро дарк намояд ва ба чӣ бартарӣ додани ӯро пешгӯӣ созад. Ин ба кори моделҳои забонии муосир, аз қабили Yandex GPT монанд аст, аммо дар заминаи мусиқӣ», — гуфт раиси бахши тавсияҳои Яндекс Мусиқӣ Александр Сафронов.

Ҳамзамон бахшҳои асосии сервис нав шудаанд. Сафҳаи аслии Яндекс Мусиқӣ ҳоло комилан фардӣ шудааст. Он ҳоло дастрасии зуд ба маҷмуаи оҳангҳо, таърихчаи гӯшкунӣ ва мавҷи ман барои жанрҳои дӯстдошта дорад ва инчунин бахшҳои «‌‎В стиле» (Дар сабк) ё «Встретились в Моей волне» (Дар Мавҷи ман вохўрдем) илова  шудаанд, ки дар он шумо метавонед ҳунармандеро пайдо созед, ки шунаванда онро ба шарофати системаи тавсияҳои шахсӣ кашф намудааст. Дар бахши навшудаи Коллексия (Маҷмуи оҳангҳо), як бахши «Мавҷи ман» дар асоси мусиқии ҷамъовардаи худи корбар ба кор шуруъ намуд. Дар ин ҷо система оҳангҳоро аз тамоми бахшҳои мусиқии маҷмуи оҳангҳои (коллексияи) корбар пешниҳод менамояд ва инчунин онҳоро бо навъҳои нав, ки сабк ва садои шабеҳ доранд, пурра месозад. Ин барои ба даст овардани оҳангҳои нав дар асоси маҷмуи оҳангҳо ва ба ин васила васеъ намудани он кумак менамояд.

Самти асосии рушди сервис дар сабки  нави визуалии Яндекс Мусиқӣ инъикос ёфтааст. Дар логотипи нав сервис аз рамзҳои маъмули мусиқӣ (нотаҳои мусиқӣ) даст кашид. Унсури графикии марказӣ як импулси дурахшон аст, ки рамзи лаҳзаи илҳоми корбар аз мусиқии барои ӯ бодиққат интихобшударо таҷассум менамояд.

Таҳияи симои нав аз ҷониби гурӯҳи тарроҳии воҳиди тиҷоратии Яндекс «Плюс Фантех» дар ҳамкорӣ бо тарроҳи рус Вадик Мармеладов, бюрои тарроҳии Шука ва инчунин фонтстудияи Contrast Foundry анҷом дода шуд. Вазифаи аслии тим таҳияи сабки нав буд, ки на танҳо амалкард, балки арзиши асосии эҳсосии сервис — илҳомбахшии шунавандагонро барои эҳсоси маҳз ҳамон мусиқӣ инъикос намояд.

_____________

* Холдинги пажуҳишии Ромир баррасӣ намудааст, ки чӣ гуна назари русҳо ба пахши мусиқии ватанӣ дар соли 2023 тағйир ёфтааст. Дар маҷмуъ, 75 дарсади пурсидашудагони аз 18 то 59-сола мусиқиро дар Интернет ва онлайн-сервисҳо гӯш менамоянд. https://romir.ru/studies/bolee-80-rossiyan-predpochitayut-otechestvennye-muzykalnye-servisy-zarubejnym

Ссилка ба саҳифаи Яндекс Мусиқӣ  https://music.yandex.ru/brand/

Декабрь 1, 2023 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти ин унвон дар Хатлон то ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад