Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 44-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд

Декабрь 11, 2023 09:49

ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дар ҷаласаи 44-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш мавзуъҳои муҳими соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.

Дар нишаст Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзуи «Дастрасии бино ва иншоот барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ» маъруза намуд.

Ҳамзамон намояндаи Тоҷикистон дар раванди баргузории ҳамоиш мулоҳизаҳои худро оид ба баррасии масъалаҳои танзими низоми байналхалқии ягонаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ дар сохтмон, ҳамкорӣ дар самти таҳия ва истифодаи меъёру қоидаҳои сохтмонии байнидавлатӣ, нархгузорӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти самтҳои ҳамкорӣ баён дошт.

Аз рӯи натиҷаи масъалаҳои баррасигардида аз ҷониби аъзои Шурои байниҳукуматӣ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ  қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2023 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид