Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии коршиносӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар Форуми байналмилалии коршиносӣ таҳти унвони «Муколамаи стратегии Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея: дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд», ки аз ҷониби Институти стратегӣ ва таҳқиқоти байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамкорӣ бо Маркази таҳқиқоти минтақавӣ ва байналмилалии Корея баргузор шуд, тариқи онлайн иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Директори марказ дар ҳошияи ҷаласаи аввал дар мавзуи «Ҳолат ва имконияти ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ» сухан гуфт. Дар форум ҳамзамон сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Ораз Муртазоев дар мавзуи «Тоҷикистон ва Корея: самтҳои асосии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди равобити мутақобилан судманд» изҳори андеша намуд.
Дар ҳамоиш роҳбарони марказҳои таҳлилӣ ва коршиносони варзидаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Иштирокчиёни форум оид ба тавсеаи ҳамгироӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Корея дар шароити гуногуни фарҳангию тамаддунӣ ва роҳҳои ташкили ҷомеаи дорои сарнавишти муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суханронӣ Хайридин Усмонзода таъкид намуд, ки дар заминаи қолаби С5+1 ташкил намудани ҳамкории марказҳои зеҳнӣ дар тақвияти робитаҳои мутақобилан судманд басе муфид ва саривақтӣ мебошад. Ӯ тақвият ёфтани робитаҳо байни пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои таҳлилиро дар тавсеаи ҳамгироӣ байни давлатҳои минтақаю Ҷумҳурии Корея ва таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ хеле зарур ва муҳим арзёбӣ намуд.
Иброз гардид, ки муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея сол то сол тақвият меёбанд. Хусусан ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо суръати назаррас рушд менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






