Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 22-юми вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Гурҷистон Конфронси 22-юми Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (БҲИМОМ) баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фарҳод Восидиён иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён иброз намуд, ки Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар чаҳорчӯбаи БҲИМОМ аҳамияти хосса зоҳир намуда, имрӯз ҳиссаи давлатҳои аъзои он дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён асосан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, диверсификатсияи ҷараёнҳои савдо ва хатсайрҳои транзитию нақлиётӣ дар минтақа, инчунин содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонӣ ва густариши тиҷорати электронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






