Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 22-юми вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Декабрь 1, 2023 09:27

ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Гурҷистон Конфронси 22-юми Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (БҲИМОМ)  баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фарҳод Восидиён иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён иброз намуд, ки Тоҷикистон дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар чаҳорчӯбаи БҲИМОМ аҳамияти хосса зоҳир намуда, имрӯз ҳиссаи давлатҳои аъзои он дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён асосан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, диверсификатсияи ҷараёнҳои савдо ва хатсайрҳои транзитию нақлиётӣ дар минтақа, инчунин содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонӣ ва густариши тиҷорати электронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Декабрь 1, 2023 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад