Назорати содиротӣ унсури калидии таъмини амнияти иқтисодӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифат дар соҳаи назорати содиротӣ барои пешгирии паҳншавии ноогоҳона ва рушди фарҳанги бехатарӣ» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ
Дар ҷамъомад натиҷаҳои лоиҳа баррасӣ шуда, маърузакунандагон оид ба ҳадафи лоиҳа, натиҷаҳои бадастомада ва чорабиниҳои гузаронида сухан намуданд.
Иброз гардид, ки назорати содиротӣ яке аз унсурҳои калидии таъмини амнияти миллӣ мебошад. Бо ин мақсад дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омӯзиши фанни «Асосҳои назорати содиротӣ» ҷорӣ шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро мебояд дар навбати аввал ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи донишу касбияти омӯзгорону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо, омодасозии омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва қонеъсозии талаботи муосир дар тамоми зинаҳои таҳсил аҳаммият диҳанд.
Ҳамчунин донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзуъҳои таҳдидҳои эҳтимолӣ дар раванди ташкили содирот, таъмини меъёриву ҳуқуқии назорати содирот ва таснифи молҳо дар назорати содиротӣ маъруза намуданд.
Ҳадаф аз амалисозии лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифат дар соҳаи назорати содиротӣ барои пешгирии паҳншавии ноогоҳона ва рушди фарҳанги бехатарӣ»-ин баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат дар соҳаи назорати содиротӣ мебошад. Дар лоиҳа устодони донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, соҳиби сертификат гардиданд.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки дараҷаи касбияти омӯзгорон боз ҳам болотар рафта, сатҳу сифати таълим ба зинаи нави рушд барояд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






