«НЕРУИ СУХАН». Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» доир мегардад. Дар озмун рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон, намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият доранд, иштирок намуда метавонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Озмуни «Неруи сухан» аз рӯйи номинатсияҳои зерин доир мешавад:
— «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ»
— «Беҳтарин барномаи телевизионӣ»
— «Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ»
— «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)»
— «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ»
— «Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ»
— «Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
— «Беҳтарин наворбардор /саҳифабанди нашрия»
— «Беҳтарин котиби матбуотӣ»
— «Рӯзноманигори соҳибмактаб».
оғоз гардидааст.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 1 то 31 январ муқаррар шудааст.
Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри соли 2023 пахш ва ё нашр гардида бошад.
Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул мешавад. Маводи аудиоӣ ва телевизионӣ бо пешниҳоди афзори CD/ DVD ё FSV, ҳамзамон бо нусхаи сенарияи мавод бо забон ва замони пахши барнома бояд пешкаш гардад.
Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсилаи матлабҳо омода намудаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯйи як номинатсия ба мукофот довталабӣ карда метавонад.
Ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд.
Ҳайати ҳакамон ҳуқуқ дорад, ки дар ҳолати ба талаботи номинатсия ва шартҳои озмун ҷавобгӯ набудани маводҳои пешниҳодкардаи довталабон, Ҷоизаи “Неруи сухан”-ро ба ҳеҷ кадоме аз довталабон мансуб надонад.
Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри ҳамон сол пахш ва ё нашр гардида бошад.
Тибқи низомнома, озмуни мазкур дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз рӯйи 10 номинатсия Сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим мешавад.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






