НИГОҲДОРИИ РОҲҲО ДАР ЗИМИСТОН. Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ин масъала гузориш доданд
ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз сифати кори мо бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ҳамлу нақли саривақтии бору мусофирон ва фаъолияти мураттаби соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рў роҳбарони идораҳои хоҷагиҳои роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ ва кормандони онҳо бояд масъулиятнокӣ нишон дода, корро тавре ба роҳ монанд, ки дар фасли зимистон аҳолӣ ҳангоми рафту омаду интиқоли бор ба мушкилӣ мувоҷеҳ нагарданд. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни ҷаласаи назоратӣ ҷиҳати омодагӣ ба фасли зимистон, ки бо иштироки роҳбарони идораҳои хоҷагии роҳҳои мошингарди мамлакат тариқи маҷозӣ доир шуд, баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат хабар медиҳад.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар вазорат ситоди омодагӣ ба зимистон фаъолият дошта, корро тибқи нақшаи чорабиниҳо тасдиқшуда ба роҳ мондааст.
Дар ҷаласа масъулин оид ба масъалаҳои омодагии техникаи роҳнигоҳдорӣ ва таъмини роҳдорон бо либоси зимистона, маводи зиддилағжиш, ҳамлу нақли зимистонии бор, мусофиркашонӣ ва дигар масъалаҳои марбута гузориш доданд.
Бино ба гузориши роҳбарони МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» («ИХРА»)-и ВМКБ, вилояти Суғд, минтақаҳои Кӯлоб, Ҳисор, Рашт ва Бохтар нақшаи захира кардани маводи зиддилағжиш, сӯзишвории дизелӣ, ангиштсанг ва ҳезум пурра иҷро гардидааст.
Ба ҳолати 1 декабри соли равон, дар маҷмуъ дар ҳамаи идораҳои хоҷагии роҳҳои мошингарди номбаршуда 38874 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 175 844 литр сӯзишвории дизелӣ, 233 тонна ангишт, 101,2 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст.
Дар муассисаҳои давлатии «ИХРА»-и ВМКБ аз 93 адад техникаҳои зимистонгузаронӣ 76 адад, вилояти Суғд аз 119 адад техника 117 адад, минтақаки Кӯлоб аз 103 адад техника 76 адад, минтақаи Ҳисор аз 66 адад техника 64 адад, минтақаи Рашт аз 49 адад техника 48 адад ва минтақаи Бохтар аз 75 адад техника 70 адад, дар маҷмуъ дар тамоми ҷумҳурӣ аз 505 адад техникаи зимистонгузаронӣ 455 адад пурра ба кор омода карда шудаанд.
Вазири нақлиёт ҷиҳати то ҳол пурра иҷро нагардидани нақшаи таъмиру омодасозӣ ва аз 505 адад дар ҳолати корношоям қарор доштани 29 адад техникаи зимистонгузаронӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба роҳбарони идораҳои хоҷагии роҳҳои мамлакат ҷиҳати дар муҳлатҳои наздиктарин бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






