Обхезӣ дар ҷануби Таиланд тақрибан ба 20 ҳазор нафар зарар расонид
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Борони шадид дар вилояти Наратҳиват дар ҷануби Таиланд обхезии шадид ба амал овард, ки тақрибан 20 ҳазор сокини маҳаллӣ зарар диданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус департаменти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳҳо аз сабаби боронҳои шадид барои гузаштан номувофиқ шуданд. «Дар маҷмуъ 9,6 ҳазор манзил хароб шуда, тақрибан 20 ҳазор нафар зарар дидаанд. Дар назар аст, ки агар борон қатъ гардад, вазъ ба эътидол меояд. Дар бораи ҳалокшудагон ё осебдидагон маълумот нарасидааст», — ишора намуданд дар идора.
Расонаҳои Таиланд ҳамчунин дар бораи обхезӣ дар вилояти ҳамсояи Яла иттилоъ медиҳанд. Наратҳиват ва Яла аз хатсайрҳои маъруфи сайёҳии Таиланд дур ҷойгир буда, ҳарду вилоят бо Малайзия ҳамсарҳад мебошанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






