ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор беш аз 12 км роҳ мумфарш гардидааст
ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат сокинону соҳибкорони деҳаҳои Лолагӣ, Обигармӣ ва Мавлонҷари Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор беш аз 12 километр роҳҳои байнидеҳавиро мумфарш намуда, мавриди истифода қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
23 декабр дар шаҳри Ҳисор шанбегии умумишаҳрӣ эълон шудааст. Сокинони ин деҳаҳо дар робита ба он иқдоми ободониро пеша намуда, тасмим гирифтаанд, ки ду канори роҳи нав мумфаршшудаи дохили деҳаҳоро бетонпӯш ва ҷӯйҳоро таъмир намоянд.
Бо ин мақсад пиру барнои деҳа ҳамарӯза ба ҳашар баромада, аллакай якчанд минтақаи роҳро бетонпӯш намуда, дар ҷӯйҳо новаҳои бетонӣ хобонидаанд.
Корҳои бунёдкорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ҳисор бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






