ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон пастшавии ҳарорат ва борону барф пешгӯӣ карда мешавад

Декабрь 11, 2023 11:27

ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Шуруъ аз пагоҳ бо сабаби аз минтақаҳои шимолу ғарб ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард ба ҷумҳурӣ дар бештари ноҳияҳои водию доманакӯҳ пастшавии тадриҷии ҳарорати ҳаво то 8-13 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

12-13 декабр дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ борон ва барф, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ бориши бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

Шиддати вазиши шамол аз самти шимолу ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. 11-12 декабр дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок хавфи ба амал омадани  зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

АМИТ «Ховар»

Декабрь 11, 2023 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд