ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон бозӣ менамояд

Декабрь 15, 2023 14:58

ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Таиланд баргузор мешавад, муайян гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» якҷо бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон қарор гирифт.

Дар қуръакашӣ, ки 14 декабр дар Куала-Лумпур баргузор шуд, 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D» тақсим гардиданд.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон бозӣ хоҳад намуд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими миллии Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар се шаҳри Узбекистон – Тошканд, Андиҷон ва Бухоро  доир мегардад, роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 15, 2023 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст