ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН» . Озмунҳои ҷумҳуриявии чанд соли охир ангезаҳои баланди ватандӯстиро таъмин менамоянд

Декабрь 25, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 25.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» як сол пур шуд. Ҳарчанд аз қабули ин қонун дар мамлакати мо расман як сол мегузарад, аммо сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, метавон гуфт, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба сари кор омадани Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳатто аз нахустин суханрониҳо ва муносибаташон бо мардуми мамлакат равшан падид омада буд. Ин табиӣ аст, зеро инсоне, ки саропои сиришт, амалу рафтору гуфторашонро намои дурахшони ватанпарастию ватандӯстӣ ташкил медиҳад, на танҳо бо сухан, бо сиёсати роҳбарӣ, балки бевосита дар гуфтору амал мардумро дар ин ҷода ҳам роҳнамо ва ҳам намунаи ибрат гардидаанд. Шояд кам давлатдорие, мисли давлатдории Тоҷикистони азизи мо ин қадар аҳамият ва таваҷҷуҳ ба сиёсати ватандӯстии шаҳрвандонаш бидиҳад, то ҷойе, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонашро ба ҳукми қонун бидарорад. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

— Ба андешаи банда, чунин таваҷҷуҳи хосса ва изтиробу ғамхориро дар ин соҳа сабаб, пеш аз ҳама, он аст, ки давлати соҳибтамаддун ва халқи соҳибхиради мо дар арафаи эҳёи дубораи Ватани куҳанбунёди худ қарор гирифт. Ватане, ки давоми садсолаҳо ҷабру зулми аҷнабиёнро бисёр дидаву дар ҷодаи истиқлолият қурбониҳои зиёдеро таҳаммул намудааст. Яъне, дар пешорӯи давлату Ҳукумати навини Тоҷикистон масъалаи дубора сохтани Ватан аз вайронаҳои таърих ва бар асари ҷангҳои таҳмилшудаи шаҳрвандӣ харобазоршуда истода буд. Ва мо бояд офарин ба табъу завқи Пешвои миллатамон бигӯем, ки аз оғози давлатдории худ дарк намуданд, ки наметавон бе тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, боло бурдани завқи худшиносии миллӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ ва ваҳдату ягонагии сокинони мамлакат ин кор, яъне эҳёи дубора ва навини ин сарзамини фарҳангпарварро амалӣ намуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пеш аз ҳама ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Он нуктаҳое, ки дар ин қонун муайян ва тарҳрезӣ шудаанд, гумон аст, ки бе дарки масъулияти шахсии ҳар шаҳрванд, эҳсоси ботинии ватандӯстии ӯ даст бидиҳанд.

Албатта, амалӣ гардидани ҳар қарору қонуни давлат ва Ҳукумат танҳо дар ҳолате имкон дорад, ки дар пешорӯи худ ҳадафҳои баланду даъваткунанда ва ангезишдиҳанда дошта бошад.

Яке аз омилҳои таҳрик ба ватандӯстӣ ифтихори миллӣ аст, ки бе шинохту эътироф ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ наметавонад амалӣ шавад. Аз ин рӯ ин ҳама солҳо мо шоҳиди он гардидем, ки муқаддасоти миллии Тоҷикистон- Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ, ки ҳар яке таҷассумгари ормонҳои миллии халқи мо ҳастанд, ҳамеша пешсафу пешгоми ҷомеаи мо будаанд. Инҳо ҳамон муқаддасоте мебошанд, ки дар ангезиши эҳсоси ватанпарвариву ватандӯстӣ нақши бориз доранд.

Омили дигаре, ки роҳнамои ватандӯстии шаҳрвандон буда метавонад, ин худшиносии миллӣ аст, ки хушбахтона, дар мамлакати мо яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон буда, аз рӯзҳои оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ амалӣ мешавад. Мо дидем, ки мардуми фарҳангсиришти мо тамоми чорабиниҳои давлатиро, ки бо ин ҳадаф амалӣ гардида буданд, бо муҳаббату ангезиши миллӣ пайгирӣ намуданд. Ва воқеан ҳам тамоми он ҷашнҳои фарзандони барӯманди миллат, бузургони гузашта, бузургдоштҳои маънавиву таърихии мо, оғоз аз бузургдошти забони тоҷикӣ, бунёди ҷашнҳои шаҳрҳои бостонии мамлакат то ҷашнвораҳои адибони номвар, ҳар яке ба эҳсосоти ватандӯстиии мардуми мо бетаъсир набуд. Ва ин мусаллам гардид, ки огоҳии хуб аз таърихи пурифтихори Ватану сарзамини падарон, огоҳӣ аз хизматҳои шоистаи фарзандони миллат, огоҳӣ аз осори дар олам эътирофгардидаи адибону олимони номвари гузаштаи мо ангезиши зиёде ба ифтихори миллӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон медиҳад.

Акнун меоем бар сари ҳадафу мақсадҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Тоҷикистон. Онҳо аз чӣ иборат ҳастанд ва кадом самтҳоро фаро мегиранд?

Чуноне ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» иброз шудааст, инҳо, пеш аз ҳама, ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ дар замири шаҳрвандон аст. Чунин дастовард танҳо дар сурати тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибатҳои ватандӯстона бо ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат амалӣ мешавад.

Дар ин ҷода ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият додани заминаҳои эҳсосоти шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандию иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат хеле муҳим аст.

Албатта, ҳадафҳои иброзгардида бояд, пеш аз ҳама, пайгири вазифаҳои мушаххас бошанд. Ва вазифаи мо — ҷомеаи шаҳрвандӣ ин аст, ки худшиносии миллиро ташаккул бидиҳем ва муносибати арзандаро ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, эҳё ва рушди онҳо амалӣ намоем.

Хусусан, насли наврасро бояд ба низоми арзишҳои иҷтимоиву маданӣ, ки таърихи фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос намояд ва дар тафаккури онҳо арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳиро таҷассум сохта, дар оянда рушд бидиҳад, ҷалб намоем.

Дар баробари ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» талаб менамояд, ки барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир гардидани эҳсоси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятиву давлатӣ ва ҳарбӣ ва ғайра шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин ҷода тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ, ғамхорӣ ба некуаҳволии давлати худ, таҳким ва ҳифзи он бояд амалӣ шавад. Хусусан, тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзиши муҳими зиндагӣ, майли заҳмат кашидан ба манфиати ҷомеа ва давлат хеле аҳамият дорад.

Маҳз иҷрои ин талабот мусоидат менамояд, ки меҳнатдӯстӣ ва заҳмат кашидан ба манфиати ҷомеа ва давлат дар мадди аввали рӯзгори мо қарор гиранд. Бояд ҷомеаи мо ба рушди маънавию ахлоқӣ, пешрафту пешбурди тарзи солими зиндагӣ, изҳори ғамхориву дастгирии ҳамдигар, офаридани муҳити созгор дар ҷомеа ҳавасманд бошад.

Албатта, амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пеш аз ҳама, аз мақомоти давлативу мақомоти гуногуни дигар то ҳайатҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, ҳизбҳову воситаҳои ахбори омма, хусусан оила ва худи шаҳрвандони ҳиссагузор вобастагӣ дорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» масъулият ва муносибати шаҳрвандон ва идораву муассисаҳои дахлдорро хеле боло бардошт ва натиҷа ин аст, ки мо дар саросари мамлакат, дар рӯзгори мардум ва хусусан дар рафтору кирдору гуфтори наврасону ҷавонон ин руҳияро эҳсос менамоем.

Дар ин ҷода, дар қатори мактабу донишгоҳҳо, идораҳои маъмуриву ҷамъиятӣ нақши иттиҳодияҳои эҷодӣ, хусусан адибону олимону рӯзноманигорони ҷумҳурӣ хеле бориз хоҳад буд. Зеро ҳар асари ҷолиби адабӣ, хусусан шеъру суруди ватандӯстона барои миллати суханпарвари мо, халқи китобдӯсту китобхони мо бетаъсир нест. Ва мо хуб медонему мебинем, ки ангезаҳои сухани баланди олиму адиб, ҳосили эҷодкории сифатан баланду арзишноки як эҷодкор нақши бузурге дар тарбияи ватандӯсии мардуми мо мегузоранд. Банда мехоҳам хусусан нақши расонаҳои давлативу ҷамъиятӣ ва хусусан шабакаҳои радиову телевизиони мамлакатро таъкид намоям.

Дар мавриди озмунҳое, ки имрӯз бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллатамон рӯи кор омадаанд, ҳоҷати сухан ҳам нест, зеро таъсир ва маҳсули неку пурсамари онҳоро дар ин ҷода дар чанд соли охир дида истодаем. Маҳз ҳамин озмунҳо: “Тоҷикистон-Ватаи азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм –фурӯғи маърифт”, “Тоҷикон — оинаи таърих” ангезаҳои баланди ватандӯстиро дар ин чанд соли охир таъмин менамоянд. Ба шарофати онҳо аст, ки имрӯз миллати мо китоббадасту китобхон аст ва дар ҷойе, ки китоб, яъне илму донишу адаб роҳнамои ҷомеа аст, руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҳамеша баланд аст, чуноне, ки имрӯз дар сарзамини адабпарвари мо дида мешавад. Ва мо воқеан дидем, ки ин ташаббусҳои Пешвои миллатамон як руҳияи баланди ватанпарастиву ватандӯстиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардаанд.

Ва аз ҳама муҳим ин аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллатамон имрӯз миллати куҳанбунёди мо, халқи некманиши тоҷик бозгашти дурахшон ва ба назар намоёне ба рисолати таърихии худ, ба маънавиёти бузургу бегазандаш дорад. Яъне, тарбияи ватандӯстӣ, руҳияи ватандӯстӣ зуҳуроти табиие аст, ки дар сиришти мардуми тоҷик таърихан ҷой доштааст ва имрӯз дар даврони таърихии соҳибистиқлолии Тоҷикистон қавитару дурахшонтар падид меояд.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 дар вилояти Суғд кумакҳои Пешвои миллатро тақдим намуд
Дар Хуҷанд оид ба нақши Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллии ҷавонон конференсия доир шуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузошт
МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври вилоятии озмун баргузор шуд
«ДӮСТИ ПАЙВАНДИ ҶОНРО ГУМ МАКУН». Як гурӯҳ ҷавонони фаъоли Тоҷикистон тавассути «Қатораи ҷавонӣ» аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода рафтанд
Ба иштирокчии ҷанг ва собиқадори меҳнати 104-сола Зайнулло Алиев кумакпулии яквақта расонида шуд
Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон анҷом дода шуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад