Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш бо 4 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 02.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз байни 7 паҳлавони шинохтае, ки Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш муаррифӣ намуданд, Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг, Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни +100 кг маҳорати арзанда нишон дода, соҳиби чор медали биринҷӣ шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба курашро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масуъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хешону наздикон ва ҳаводорони варзиши мамлакат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 аз 23 то 28 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






