Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро дар қолаби ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн масоили таҳкими муколамаи сиёсӣ дар чорчӯби Иттиҳод, ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокчӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амният ба ҳайси вазифаҳои рӯзмарра муайян гардиданд.
Ҳамзамон бо ин мубодилаи афкор атрофи доираи васеи масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ анҷом дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






