Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ Сафири Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Сайид Сарварро ба ҳузур пазируфтанд

Декабрь 6, 2023 12:07

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сайид Сарварро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Рустами Эмомалӣ нахуст сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу намуданд.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн ва муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ рушд меёбад.

Ҳамчунин ҳамкории байнипарламентӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои байни ду давлат шуморида шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкории байни давлатҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вобаста ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор доир шуд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2023 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид