Раиси вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ шинос шуд

Декабрь 23, 2023 13:51

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дӯстӣ сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8  бомаром идома дошта, тибқи нақша, иншооти мазкур  9 сентябри соли 2024 ба истифода дода мешавад. Имрӯз зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ  Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  аз рафти корҳои сохтмонии мактаби мазкур аз наздик  шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истнод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар деҳаи Ғалабаи Ҷамоати деҳоти Ҷиликўли ноҳияи Дўстӣ  воқеъ буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Туркманистон бо усули муосири меъмориву шаҳрсозӣ бунёд мегардад.

Муассисаи таълимӣ аз 20 синфхона барои 540 хонанда дар як баст, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толори хониш, ошхона барои 220 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст ва  толор барои гузаронидани маҳфилҳои фарҳангӣ  иборат мебошад.

Фармоишгари сохтмон Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии асосии сохтмон Ҷамъияти хоҷагидории «Довлет Гурлушик»-и Туркманистон мебошад.

Корҳои сохтмонӣ моҳи июни соли 2023 оғоз шуда, тибқи нақша,  бояд 9 сентябри соли 2024 ба истифода дода шавад.

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ босифат ба анҷом расонида, мактаб  дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шавад.

Инчунин имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ Раиси вилояти Хатлон бо  фаъолияти хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов шинос шуда, бо кишоварзони хоҷагӣ суҳбат намуд. Ҳамчунин Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Майдони умумии хоҷагӣ 620 гектарро ташкил дода, аз он дар 60 гектар сабзавот, аз ҷумла карам, гулкарам, лаблабу, инчунин дар 3 гектар гармхонаи помидор ва бодиринг парвариш карда мешавад. Хоҷагидорон дар майдони 350 гектар пахта, 75 гектар гандум, 60 гектар полезӣ ва 80 гектар беда низ кишт намудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Декабрь 23, 2023 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд