Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд

Декабрь 6, 2023 11:58

ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Рустами Эмомалӣ оғози фаъолияти дипломатии Йорк Шуграфро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки он ба тақвияти муносибатҳои ду давлат мусоидат менамояд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Олмонро баррасӣ ва рушди рӯзафзуни онро давоми беш аз сӣ соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ бйни ду давлат таъкид намуданд.

Аз сатҳи ҳамкорӣ бо ҷониби Олмон дар пешбурди шарикӣ ва саҳмгузорӣ баҳри рушди босубот изҳори қаноатмандӣ намуда шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ ва байнипарламентӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо таваҷҷуҳ ба истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2023 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид