Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Рустами Эмомалӣ оғози фаъолияти дипломатии Йорк Шуграфро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки он ба тақвияти муносибатҳои ду давлат мусоидат менамояд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Олмонро баррасӣ ва рушди рӯзафзуни онро давоми беш аз сӣ соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ бйни ду давлат таъкид намуданд.
Аз сатҳи ҳамкорӣ бо ҷониби Олмон дар пешбурди шарикӣ ва саҳмгузорӣ баҳри рушди босубот изҳори қаноатмандӣ намуда шуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ ва байнипарламентӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо таваҷҷуҳ ба истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид






