Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни давлатҳоро баррасӣ намуд

Декабрь 13, 2023 09:23

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мақсади тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни вилояти Қашқадарё ва шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва  шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Китоб, Шаҳрисабз, Ғузор, Қаршӣ ва Косони вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни  шиносоӣ  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо  ҳокими вилояти Қашқадарё Муродҷон Азимов, муовини Ҳокими вилоят оид ба ҷалби сармоя, саноат ва савдо Олимхон Рустамов,  ҳокими ноҳияи Китоб Уктам Пардаев, ҳокими шаҳри Шаҳрисабз Шерзод Буриев, ҳокими шаҳри Ғузор Бекзод Суюнов, муовини ҳокими шаҳри Қаршӣ Улуғбек Ҷӯраев, роҳбари Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё Имомназар Турсунов ва дигарон мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои судманд, аз қабили тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни вилояти Қашқадарё ва шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва  шаҳри Душанбе, инчунин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми савдои мутақобила то 1 миллиард доллар, барқарор намудани робита байни  минтақаҳои озоди иқтисодӣ, доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармоя барои бунёди корхонаҳои муштараки саноативу истеҳсолӣ ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ, илмӣ — фарҳангӣ баррасӣ  гардиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Декабрь 13, 2023 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид