Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ»-и Қазоқистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур бо ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раиси Шурои Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» Дмитрий Мун мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Сардори хадамот изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ»-и Қазоқистон дар бахши татбиқи «ҳукумати электронӣ» байни ду давлат ҳамкории нав оғоз менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо мақсади рушди «ҳукумати электронӣ» мубодилаи афкор намуданд.
Дар охир байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар Ёддошти ҳамкорӣ самт ва доираи ҳамкории мушаххас баён гардида, имкон медиҳад, ки инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии «ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёбад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» оператори инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионии «ҳукумати электронӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.
Ширкат соли 2000 таъсис ёфта, бузургтарин ширкати бозори технологияҳои иттилоотии Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Он дар самти татбиқи «ҳукумати электронӣ» таҷрибаи бой дорад.
Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» метавонад ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба таври самарабахш амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» такони тоза бахшад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






