Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Декабрь 13, 2023 10:40

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералиро ифтитоҳ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони ин бино аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 марти соли 2018 ба ифтихори Иди касбии кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории онҳо гузошта шуда буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити кории фароҳамшуда дар бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералӣ шинос шуданд.

Бино аз тарафи Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шудааст.

Иншоот дар майдони 864 метри мураббаъ қомат афрохта, аз таҳхона ва 7 ошёна, ки масоҳати умумиашон 6702 метри мураббаъро ташкил медиҳад, иборат мебошад.

Бинои нави иловагии маъмурӣ дорои 93 ҳуҷраи корӣ, 4 толори машварат, ҳуҷраи қабули шаҳрвандон ва ошхона барои 180 ҷой мебошад. Дар таҳхона ҳуҷраҳои техникӣ ва толори машқи бадан ҷойгир шудаанд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар иншооти нав воҳиди навтаъсиси Прокуратураи генералӣ — Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ҷой дода шудааст.

Ташкили чунин сохторро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2022 ба Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ супориш дода буданд.

Дар асоси супориши Сарвари давлат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис ёфт.

Марказ бо навтарин техника ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои танзими фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад. Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ шаванд.

Дар марказ 40 нафар кормандони соҳибтахассус, асосан ҷавонони дорои донишу малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд. Онҳо ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии иттилоот оид ба ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, ташкили махзани ягона оид ба содиршавии чунин ҷиноятҳо, таъмини ҳамкорӣ ва дастгирии байналмилалӣ барои тафтиши онҳо, васеъ ва мустаҳкам намудани амнияти киберӣ, назорати татбиқи сиёсати стратегии иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо машғул мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази ягонаи иттилоотӣ шинос шуда, сипас дар толори маҷлис бо сардорони раёсатҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷиикистон суҳбати самимӣ оростанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи кормандони прокуратураро ба масъалаҳои татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти хариду фурӯши замин, тоза намудани сафи сохтор аз нафарони ба коррупсия дастзананда, риояи яксони Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҷобаҷокунии дурусти кадрҳо ҷалб намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба коргарони масъули Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои мухталиф, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, таъмини амнияти киберӣ ва иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин мақсад боз ҳам бештар аз худ намудани донишҳои замонавӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба кормандони Марказ дастуру ҳидоятҳо доданд.

«Шумо кормандони прокуратура бояд чашму ҳуши давлат бошед», — таъкид намуданд Президенти мамлакат дар охири суҳбат.

Супоришҳои дигар ба кормандони мақомоти прокуратура ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дода шуданд.

Ифтитоҳи бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.12.2023

Декабрь 13, 2023 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд