Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш Маркази агрологистикии ҶДММ «Восток-1»-ро ифтитоҳ намуда, бо намоиши маҳсулоти саноатӣ шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восток-1»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази агрологистикӣ аз сардхона, коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос иборат мебошад. Иншооти нав ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Абдухолиқ Саидов ва ҷалби сармояи шарикони рушд бунёд шудааст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сардхона барои нигоҳдории 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сардхонаи навтаъсис асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, картошка, пиёз ва сабзӣ захира шудааст.
Сардхона бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ноҳияи Вахш бунёд шуда, имкон медиҳад, ки меваю сабзавоти тару тоза дар ҳама фасли сол захира ва ба мардум пешниҳод карда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити сардхона ва коргоҳи хурди коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат», солҳои 2022-2026 муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити феълӣ таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аҳамияти хосса дорад ва таъсиси чунин сардхонаҳо маҳз ба ин мақсад равона гардидааст.
Коргоҳи коркарди мева ва банду басти он бо хати нави технологӣ маҷаҳҳаз гардонида шудааст. Тавассути хатҳои нави технологии коргоҳ дар як сол қариб 80 тонна мева коркард мешавад.
Дар коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос барои 18 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шудааст. Ашёи хом аз ҳудуди ноҳияи Вахш ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас шуда, коркард ва банду баст мешавад. Дар коргоҳи нав меваи хушк ва дигар маҳсулот бастабандӣ гардида, дар шакли тайёр барои содирот омода мешавад.
Дар Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восток-1» дар маҷмуъ қариб 30 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Роҳбарияти Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восток-1» дар оянда нақша дорад, ки дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди санот» ду корхонаи дигари истеҳсолӣ бунёд намуда, барои 30 нафар ҷойи кории нав таъсис диҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восток-1» бо намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ноҳияи Вахш шинос шуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд






