Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бо маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» шинос шуданд

Декабрь 15, 2023 13:50

ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Ёвон аз маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» ва намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони вилояти Хатлон боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии  «Раҷабалӣ» соли 1999 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Усмоналӣ Раҷабов дар масоҳати 9 гектар замини обӣ ташкил гардида, дар он 5 саҳмдор фаъолият менамоянд, ки ҳамасола  зироати гуногуни кишоварзӣ  кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар хоҷагӣ имсол дар кишти асосӣ дар масоҳати 2 гектар гандуми навъи   «Кроснадар» ва дар 3 гектар картошкаи навъи  «Галла» кишт  шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ кишти зироати хӯроки чорво, аз ҷумла беда мебошад, ки ин навъи зироат дар 4 гектар замини хоҷагӣ корида шуда, ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад.

Бо ҳамин роҳ ҳамасола хоҷагидорон номгӯи зиёди зироати кишоварзиро кишт намуда, аз самараи дастранҷи худ дар беҳбуди рӯзгори саҳмдорон ва сатҳи иқтисодии хоҷагӣ саҳм мегузоранд.  Имсол бори аввал хоҷагидорон бо татбиқи таҷрибаи нави истеҳсолӣ дар масоҳати 1 гектар кишти барвақтии картошка зери плёнкаро гузарониданд. Саҳмдорони хоҷагӣ бо парвариши ин навъи сабзавот талош доранд, ки дар фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса гузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештар тақозо менамояд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва чорвои хушзоти хоҷагиҳои ҳудуди вилояти Хатлон шинос шуданд. Дар намоиш ғалладона, сабзавот, полезӣ, зироати лӯбиёӣ ва меваҷот муаррифӣ шуд, ки беш аз 20 тонна маҳсулоти кишоварзиро ташкил медод.

Боздид аз маданияти истифодаи замин дар хоҷагии деҳқонии “Раҷабалӣ” дар ноҳияи Ёвон 15.12.2023

Декабрь 15, 2023 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд