Сарвари давлат: «Ҳоло талаботи аҳолии Тоҷикистон бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин мешавад»
ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст. Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар мамлакат ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 2,5 маротиба зиёд мебошад. Ин нукта имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки воридоти гӯшт аз хориҷи мамлакат сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст. Воридоти шир ниҳоят кам ба қайд гирифта шудааст. Яъне ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки қаблан ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид.
Иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 – фоизӣ) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст.
Таъкид гардид, ки солҳои охир дастгирӣ ва имтиёзҳои ба рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида натиҷаҳои мусбат доданд. Ҳамин аст, ки дар 7 соли охир ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,6 баробар зиёд гардидааст
«Имрӯз мамлакати мо бо ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин мебошад. Барои заҳмати софдилона, ки аз нишондиҳандаҳои гуфташуда ва фаровонии бозори истеъмолӣ ба хубӣ маълум аст, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат миннатдории самимии худро баён менамоям», — иброз доштанд Сарвари давлат.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






