Сокинони деҳаи Дӯстии ноҳияи Ховалинг бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
ХОВАЛИНГ, 10.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми шарикони рушд ба воситаи Лоиҳаи идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон аз ҷониби Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон чоҳи амудӣ бо чуқурии 100 метр ва қубури ғунҷоишаш 219 мм об бароварда шуд. Он тавассути пойгоҳи обкашӣ ба қисмати болои деҳа ба масоҳати 970 метр бароварда шуда, ба ҳавзи махсуси сохташуда мерезад ва пас ба поён, ба деҳа интиқол дода мешавад.
Дар маҷмуъ ба 2095 метр хати магистралӣ бо фишори муътадил ва ба ҳавлии ҳар сокини деҳа хати об кашонида шудааст. Сокинони деҳа низ саҳми худро дар кашонидани хати оби нӯшокӣ гузоштанд.
Бо мақсади истифодаи сарфакоронаи он дар кӯчаҳо понздаҳ қуттии тақсимот бо ҳисобкунакҳо васл шудааст. Чунин тарзи кор имкон фароҳам меорад, ки сокинон ба таври шабонарӯзӣ бо оби нӯшоки таъмин бошанд. Ҳамзамон дар инҷо як трансформатори аҳолида васл шудааст, ки ба таъмини барқи доимӣ мусоидат менамояд.
Лоиҳакаш ширкати «Тоҷиккомонпроект»-и шаҳри Душанбе буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ- ширкати масъулияташ маҳдуди «Бузургон» ба уҳда дошт, ки корҳоро бо сифати баланд ба анҷом расонидааст.
Деҳаи Дӯсти се километр аз маркази ноҳия дур буда, имкони кашонидани хати оби нӯшокӣ ба хонаҳои ҳар сокини деҳа мавҷуд набуд. То ин вақт дар деҳа ҳамагӣ се нуқтаи оби нӯшокӣ ҷорӣ буд, ки барои сокинон мушкилоти зиёд дошт. Инак 105 хоҷагӣ ва мактаби деҳа пурра бо об таъмин гардида, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ ҷумакҳои обгирӣ васл шудаанд. Ҳамчунин дар назди бинои Муассисаи таълимии №26-и деҳа аз ҷониби ҳамин лоиҳа иншооти ёрирасон сохта, ба истифода дода шуд. Дар даҳ хонаи бошандагони деҳа низ чунин иншооти ёрирасон сохта шудааст, ки ҳадаф аз он беҳдошти саломатии сокинон мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ховалинг ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии беш аз 200 иншооти тайиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб соли гузашта 30 иншоот ва давоми соли равон 33 иншоот ба истифода дода шуданд, дар 40 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






