Сокинони деҳаи Дӯстии ноҳияи Ховалинг бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд

Декабрь 10, 2023 09:48

 ХОВАЛИНГ, 10.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг бо оби ошомиданӣ таъмин карда  шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми шарикони рушд ба воситаи Лоиҳаи идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон аз ҷониби Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон чоҳи амудӣ бо чуқурии 100 метр ва қубури ғунҷоишаш 219 мм об бароварда шуд. Он тавассути пойгоҳи обкашӣ ба қисмати болои деҳа ба масоҳати 970 метр бароварда шуда, ба ҳавзи махсуси сохташуда мерезад ва пас ба поён, ба деҳа интиқол дода мешавад.

Дар маҷмуъ ба 2095 метр хати магистралӣ бо фишори муътадил ва ба ҳавлии ҳар сокини деҳа хати об кашонида шудааст. Сокинони деҳа низ саҳми худро дар кашонидани хати оби нӯшокӣ гузоштанд.

Бо мақсади истифодаи сарфакоронаи он дар кӯчаҳо понздаҳ қуттии тақсимот бо ҳисобкунакҳо васл  шудааст. Чунин тарзи кор имкон фароҳам меорад, ки сокинон ба таври шабонарӯзӣ бо оби нӯшоки таъмин бошанд. Ҳамзамон дар инҷо як трансформатори аҳолида васл шудааст, ки ба таъмини барқи доимӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳакаш ширкати «Тоҷиккомонпроект»-и шаҳри Душанбе буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ- ширкати масъулияташ маҳдуди «Бузургон» ба уҳда дошт, ки  корҳоро бо сифати баланд ба анҷом расонидааст.

Деҳаи Дӯсти се километр аз маркази ноҳия дур буда, имкони кашонидани хати оби нӯшокӣ ба хонаҳои ҳар сокини деҳа мавҷуд набуд. То ин вақт дар деҳа ҳамагӣ се нуқтаи оби нӯшокӣ ҷорӣ буд, ки барои сокинон мушкилоти зиёд дошт. Инак 105 хоҷагӣ ва мактаби деҳа пурра бо об таъмин гардида, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ ҷумакҳои обгирӣ васл шудаанд. Ҳамчунин дар назди бинои Муассисаи таълимии №26-и деҳа аз ҷониби ҳамин лоиҳа иншооти ёрирасон сохта, ба истифода дода шуд. Дар даҳ хонаи бошандагони деҳа низ чунин иншооти ёрирасон сохта шудааст, ки ҳадаф аз он беҳдошти саломатии сокинон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ховалинг ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии беш аз 200 иншооти тайиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб соли гузашта 30 иншоот ва давоми соли равон  33 иншоот ба истифода дода шуданд, дар 40 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2023 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд аз 950 иншооти ҷашнӣ 518 адади он сохта ба истифода дода шудааст
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
14 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мумфарш мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 164 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин бунёд мешавад
Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Долонаи Ашт мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом ба масофаи 51 километр навсозӣ мешавад
Дар Суғд биноҳои иловагии Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Маркази саратоншиносӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд лоиҳаҳои иншооти дар соҳили Сирдарё бунёдшаванда муаррифӣ гардиданд
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» дар Душанбе ду тарабхонаи дигар месозад