Соли 2024 дар Тоҷикистон баргузории Ҳафтаи фарҳанги Қатар дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар Тоҷикистон баргузории Ҳафтаи фарҳанги Қатар дар назар аст. Ин масъала дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии ҳайатҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар баррасӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба фаъолияти вазорат ва ҳамкории он бо муассисаҳои фарҳангии давлатҳои дӯсту бародар ибрози андеша гардид.
Ҳамзамон ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Давлати Қатар барои ҳарду давлат иқдоми хубу мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад






