«Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе зиёд намуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 16 декабр ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе зиёд менамояд. Ҳамин тариқ, парвозҳо дар ин хатсайр ҳар рӯз амалӣ мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Ин тадбир бо мақсади қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба интиқолот тавассути ҳавопаймоҳо гирифта мешавад.
Ин иқдом бесобиқа набуда, ҳамасола дар мавсими сармо амалӣ гардонида мешавад. Ҳар зимистон ширкат байни Душанбе ва Хуҷанд парвозҳоро зиёд менамояд, то шаҳрвандон тавонанд сари вақт ва бехатар ба нуқтаи таъйинотӣ бирасанд. Парвозҳо аз пойтахт ба Хуҷанд ва баргашт дар ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мегарданд.
Ҳоло ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат мебошад.
АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






