«Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия мегардад

Декабрь 20, 2023 09:16

 ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории Гурӯҳи байниидоравӣ оид ба баррасии масъалаи таҳияи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки  намояндагони  вазорату идораҳои мамлакат  ва коршиносон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа доир ба  моҳият ва зарурати ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии растанӣ барои озуқаворӣ ва ғизо сухан гуфта шуд.

Таъкид гардид, ки «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои танзими ҳифзи захираҳои ирсӣ, генетикӣ ва гуногунии агробиологӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ хеле зарур ва муҳим аст.

Иштирокдорони ҷаласа оид ба гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии Тоҷикистон, таҳдиду монеаҳои мавҷуда ва чорабиниҳои нақшавӣ ҷиҳати таҳияи Стратегия табодули назар намуданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳистон аз гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикӣ бой буда, 70%-и аҳолии он аз захираҳои табиӣ ва ирсӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ маҳсулоти гуногунии агробиологӣ асоси амнияти озуқаворӣ ва таъмини устувори рӯзгори мардуми манотиқи кӯҳистон аст.

Иштирокдорони ҷаласа  аҳамияти таҳияи Стратегияи гуногунии агробиологиро бо назардошти тағйирёбии иқлим барои таъмини ҳифзи гуногунии агробиологӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда,   дар самти такмили қонунгузорӣ доир ба гуногунии агробиологӣ, омӯзишҳо барои хоҷагидорон дар самти ҳифзи захираҳои генетикӣ, ташкили бонкҳои тухмӣ, омӯзиши занҷираи нархҳо барои ҳифзи зироати маҳаллӣ, кишоварзӣ ва рушди бозор пешниҳодҳо манзур намуданд.

Ҷаласа  аз тарафи Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи гуногунии агробиологӣ барои устувории амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Тоҷикистон» гузаронида шуд.

   АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард