СУРАТГУЗОРИШ. Бохтар мизбони Форуми соҳибкории G5 гардид

Декабрь 25, 2023 18:21

ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо иштироки доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, сармоягузорон ва шарикони рушд   дар шаҳри Бохтар бо ибтикори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкории G5 баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» иттилоъ доданд, форум бори нуҳум баргузор гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани малакаҳои соҳибкории ҷавонон, ҳавасманд ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ, муаррифии имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва мусоидат ба рушди иқтисоди мамлакат мебошад.

Дар форум 6 соҳибкори муваффақи ватанӣ доир ба мавзуъҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ ва инчунин таҷрибаву муваффақияти худ табодули афкор намуданд.

Аз ҷараёни баргузории Форуми соҳибкории G5 АМИТ «Ховар» суратгузориш  омода намудааст.

Декабрь 25, 2023 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд